Ба гузориши хабаргузории Абно, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки қаблан ба тарзҳои мухталиф гуфта буд, ки метавонад бо “қудрати силоҳ ва зӯр” муҷоҳидони яманиро таслим кунад ва онҳоро нобуд созад, шоми дирӯз сешанбе ба таври ногаҳонӣ эълон кард, ки дар тавофуқе бо муҷоҳидони Ансоруллоҳ ва артиши Яман “Амрико амалиёти низомӣ алайҳи Яманро мутаваққиф мекунад, чун яманиҳо ваъда доданд, ки дигар ба киштиҳои амрикоӣ дар Баҳри Сурх ҳамла нахоҳанд кард.”
Пойгоҳи хабарии Ал-Ҷазира дар гузорише дар бораи ҷанги Амрико дар Яман навишт, ки аҳдофи стратегии Ҷо Байден ва Доналд Трамп, рӯасои ҷумҳури Амрико дар Яман ҳамчунон муғлақ аст. Вазири дифои Амрико дар изҳороти машҳуре дар саҳифаи “Сигнал” гуфтааст, ки ин масъала ба Ансоруллоҳ рабте надорад, балки барои бозгардонидани қудрати боздошткунанда ва боз кардани гузаргоҳҳои обӣ аст.
Кит Ҷонсон, нависандаи амрикоӣ, дар мақолаи худ дар маҷаллаи Форин Полиси, ки 22 апрели гузашта нашр шуда буд, кӯшиш кард ба ин суол посух диҳад, ки ангезаҳои Трамп аз ҷанг дар Яман чист?
Трамп бовар дорад, ки метавонад дар масоиле, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури пешини Амрико дар ҳаллу фасли онҳо ноком мондааст, муваффақ шавад. Вай дар ҳамин робита бо даъвои ҳимоят аз тиҷорати байналмилалӣ ва аз байн бурдани меҳвари эронӣ ба ин ҳамла даст зад, аммо Ҷонсон дар гузориши худ менависад, ки рафторе, ки Трамп алайҳи тиҷорати байналмилалӣ ва масирҳои баҳрӣ анҷом дод, хатарноктар буд.
Ҷонсон бовар дорад, ки давлати Трамп бо анҷоми ин бозӣ кӯшиш дошт қудрати низомии худро ба намоиш гузорад ва ин паёмро ба Чин мунтақил кунад, ки ба фикри ишғоли Тайван набошад, аммо иҷрои заифи он дар Яман натоиҷи комилан мутақобилеро ба дунбол дошт.
“Эҳёи боздошткунандагӣ”, ки вазири дифои Амрико ба он ишора карда буд, мафҳуми бунёдии дар стратегияи Амрико дар Яман ба шумор меравад; стратегияе, ки бо чолишҳо ва мушкилоти зиёде рӯбарӯ шудааст ва роҳи бурунрафте дар кӯтоҳмуддат барои он тасаввур намешавад.
Бар асоси ин стратегия, то замоне ки ҷанги Яман бо аз байн рафтани Ансоруллоҳ ба поён нарасад, метавон гуфт, ки боздошткунандагӣ барои қудрати бузурге назири Амрико дар сарзамине васеъ монанди Яман фароҳам шудааст.
Ин дар ҳолест, ки дастёбӣ ба ин ҳадаф ҷуз дар сояи ҷанги таркибии комилан ғайримумкин ба назар мерасад. Як сол пас аз ҳамлаҳои Амрико ва Англия ба аҳдофи вобаста ба Ансоруллоҳи Яман, Трамп ҳаҷми амалиёти низомии худро афзоиш додааст. Ӯ даъво мекунад, ки метавонад дар набардҳое, ки раисҷумҳури қаблии Амрико дар он шикаст хӯрдааст, муваффақ шавад.
Доналд Трамп, ғайр аз Яман, дар арсаи байналмилалӣ вориди даргириҳои бисёр мураккабе шудааст ва ба назар мерасад тамаркузи худро аз даст додааст; то ҷое ки ҳатто вазорати дифои Амрико низ ҳеҷ гузориши мухтасаре аз шароити ҷангии Яман ба расонаҳои амрикоӣ намедиҳад. Трамп аз ҳар сӯ гирифтори ҳарҷу марҷест, ки худаш дар парвандаҳои дохилӣ ва хориҷӣ эҷод кардааст ва мунтазири хабари хуше аз Яман аст, то тавонад ба ҷанг дар ин кишвар поён диҳад.
Бар асоси навиштаи ин нависандаи амрикоӣ, дар кишваре бисёр мураккаб монанди Яман ва дар баробари ҷараёне, ки таҷрибаи зиёде дар ҷангҳои таркибӣ дорад, хатарноктарин иқдоме, ки Трамп метавонад анҷом диҳад, ин аст, ки идораи ҷангро ба гурӯҳе аз афсарон ва бюрократҳо бисупорад ва танҳо бо тасаввур, ки “мушакҳои бисёр хубе” дар ихтиёр дорад, мутаваҳҳим шавад, ки аҳдофи ҷанг ба зудӣ амалӣ хоҳад шуд.
Ба навиштаи Ҷонсон, Байден ва тими вай моҳияти чолиши яманиҳоро беҳтар дарк карда буданд. Яманиҳо бо суръат абзорҳои муқовиматии бисёр арзон ва таъсирбахше тавлид мекунанд, ки гарчанде ба ақидаи нависанда аз назари сифат бо тавлидоти саноати низомии Амрико баробар нест, аммо барои таъсиргузорӣ бар раванди ҷанг кофӣ ба назар мерасад. Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии давлати Байден, ин мавзӯъро дар январи гузашта дар баробари хабарнигорон матраҳ карда буд ва гуфта буд, ки артиш дар муодилаи бисёр баде қарор гирифтааст, ки мушакҳои пешрафтаи худро барои нобудии паҳподҳои нисбатан арзон истифода мекунад ва бисёре аз партобҳои оқилона, ки сохти онҳо вақти зиёде талаб мекунад, ба ин тартиб аз даст додааст.
Амрикоиҳо пеш аз рӯи кор омадани Доналд Трамп талошҳои зиёде барои маҳори тавони низомии Ансоруллоҳи Яман ба кор бурда буданд. Генерал Брендан МакЛейн дар ҷараёни конфронси нерӯи баҳрии Амрико дар минтақаи Вирҷиния, ки барои баррасии авзои ҷанг дар Баҳри Сурх ташкил шуда буд, гуфта буд, ки киштиҳои амрикоӣ дар ин муддат 120 мушаки навъи SM2 ва 80 мушаки навъи SM6 ва 20 мушаки навъи SM3 партоб кардаанд.
Арзиши ҳар мушаки SM2 тақрибан 2 миллион доллар аст, дар ҳоле ки арзиши ҳар мушаки SM6, ки қодир ба суқут додани мушакҳои балистик дар фазо аст, беш аз 4 миллион доллар аст. Ҳамчунин ҳар мушаки SM3, ки метавонад аҳдофи фазоиро мушаххас кунад, байни 9 то 28 миллион доллар аст.
Константин Торопин, коршиноси масоили низомӣ дар вебгоҳи “Military.com”, бо ишора ба ин гузориш мегӯяд, ки иттилооти дақиқе дар бораи ҳазинаҳои давлати Байден дар ҷанг алайҳи Ансоруллоҳ пешниҳод нашудааст, аммо бо ин омор метавон гуфт, ки ҳадди ақал ним миллиард доллар барои партоби ин мушакҳо сарф шудааст. Ин оморҳои ибтидоӣ, албатта, мушакҳои гаронбаҳои ҳуҷумии навъи Томагавкро дар бар намегирад.
Истифода аз ин мушакҳои оқилона ҳазинаҳои миллиарддоллариро ба Амрико таҳмил кардааст ва омодагии ин кишвар дар Уқёнуси Ҳинд ва Оромро зери суол мебарад. Ин ҳам дар минтақаҳое, ки аз назари вуҷуди захираҳои табиӣ аз беҳтарин минтақаҳо ҳастанд. Чин ба унвони рақиби Амрико барои тасодии рутбаи аввали қудратмандтарин кишвари ҷаҳон тамоюл дорад, ки давлати Трамп оромиши худро тавассути манёврҳои низомӣ дар Яман аз даст диҳад.
Ал-Ҷазира бо ишора ба авзои масхараомези Амрико дар ин ҷанг мегӯяд, артише, ки дар як ҷанги хурд наметавонад таҷҳизоти мавриди ниёзи худро таъмин кунад, чӣ гуна метавонад рақиби қудратманди худро, ки дар сарзамини худ мустақар аст ва корхонаҳо ва таҷҳизоти хоси худро дорад, нигарон кунад.
Ин гузориш дар айни ҳол таъкид мекунад, ки бозтавлиди муҳимоти оқилона сода нест ва пур кардани анборҳои таслиҳотии Амрико вақт ва талоши зиёдеро талаб мекунад. Академияи Брукингз дар ин робита менависад, ки пеш аз ин 13 пудратчии бузурги амрикоӣ мушакҳои тактикӣ ва феҳристи бузурге аз таслиҳоти ин кишварро тавлид мекарданд, аммо давлати Амрико ширкатҳои хурдро бо ширкатҳои бузург муттаҳид кард, то худро дар баробари воқеияти стратегии номатлубе мувоҷеҳ дид ва мушоҳида кард, ки танҳо 3 пудратчии бузург ин масъулиятро анҷом медиҳанд, ки ширкатҳои Боеинг, Локҳид Мартин ва Рэйтеон Технолоҷис ҳастанд.
Ал-Ҷазира илова мекунад, ки Байден бо эҳтиёти бештаре дар баробари Ансоруллоҳ муқовимат мекард, дар ҳоле ки Трамп ба таври ошкор даъво кардааст, ки ба дунболи аз байн бурдани комили Ансоруллоҳ аст.
Эмили Милликян, коршиноси Маркази Рафик Ҳарирӣ, дар мақолаи худ дар вебгоҳи “Шӯрои Атлантик” менависад, ки чизе, ки Ансоруллоҳро ба чолиши ҷиддӣ дар баробари Амрико табдил кардааст, нармиши амалиётии онҳо ва қудрати боло барои ҳамзистии стратегӣ ва нуфузи амиқ дар дохили Яман аст. Илова бар ин, амрикоиҳо низ авлавиятҳои минтақаии худро тағйир додаанд ва мехоҳанд аз таншафринӣ бо Эрон ҷилавгирӣ кунанд.
Милликян илова мекунад, ки мушакҳо ба танҳоӣ қодир ба баркандории Ансоруллоҳ нестанд ва Амрико ниёзманди ҷанги таркибист, ки дар ин робита бояд муҳосиботи зиёдеро анҷом диҳад. Ансоруллоҳ таҳти ҳимоят аз чандин ташкилоти низомии бузург аст, ки як манбаи олирутбаи яманӣ шумори муҷоҳидони онҳоро тақрибан як миллион нафар арзёбӣ мекунад. Ин афрод тавони муқовиматии болое доранд.
342
Your Comment